Хуҷанд. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд, - хабар доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд.

«Муайян карда шуд, ки омӯзгори мактаби олии мазкур Ф.Х. бо роҳи тамаъҷӯйӣ аз сокини шаҳри Истаравшан барои дохил шудан ба донишгоҳ ба сифати пора 800 доллари ИМА талаб кардааст», - гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои сарчашма, омӯзгор ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ боздошт шудааст. «Далели шайъӣ – 800 доллари ИМА мусодира гардида, тафтишот идома дорад», - изҳор дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки мақомоти додситонии вилояти Суғд аз рӯйи ин далел нисбат ба Ф.Х. мутобиқи қ.2-и моддаи 324-и КҶ ҶТ (Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти мақомоти додситонӣ, дар зарфи 6 моҳи соли равон кормандони мақомоти мазкур 15 ҳодисаи ришваситонӣ аз ҷониби шахсони мансабдорро дар вилояти Суғд ошкор сохтаанд.