Хуҷанд. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Як зумра шахсони мансабдори ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба тақаллубкориву сохтакории хидматӣ гумонбар дониста мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, мутахассиси КВД «Ҳосили заминсоз» Н.Б. ва котиби ҷамоати Шайдони ноҳия М.И. бо як зумра шахсони дигар пешакӣ забон як карда, барои ҷудо кардани қитъаи замин ва барасмиятдарории асноди дахлдор аз сокини ҳамин ноҳия дар ҳаҷми 60 ҳазор рубли русӣ ришва ситонидаанд.

Нисбат ба амали шахсони зикршуда мутобиқи моддаҳои 247, қ. 2, банди «Б» (Қаллобии содиршуда аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд, тайи 6 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 30 далели қаллобӣ (соли 2010 – 20 далел) ва 8 далели сохтакории хизматӣ ба қайд гирифта шудааст.