Хуҷанд. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ омӯзгори навбатии мактаби олӣ барои ришваситонӣ боздошт гардид.

Тавре ба ОИ»Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, унвонҷӯйи кафедраи «Иқтисоди корхонаҳо»-и факултаи технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи иқтсиод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Г.А. барои мусоидат ба қабули довталаб ба донишгоҳ аз ӯ дар хаҷми 800 $ пора гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, бо истифода аз мансаб омӯзгор барои дохил шудани довталаб Ч.Х. ба факултаи «Кори бонкӣ» аз волидани ӯ ришва талаьб карда, зимни гирифтани он дастгир шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатиии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 30 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли 2010 – 20 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Муовини сардори агентии мазкур Қутбиддин Сафаров ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала чунин изҳори назар кард: «Парвандаҳои ҷиноӣ мутобиқи моддаи 319 (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) танҳо нисбат ба шахсони мансабдор – ректорон, деканҳо ва муовини деканҳои макотиб олӣ боз мегарданд».