Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта дар минтақаи шимоли кишвар ҳудуди 32 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин мусодира гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи баргузории як амалиёти муваффақонаи кормандони агентӣ дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи байнулмилалии ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва интиқоли он ба хориҷи кишвар қатъ карда шуд.

«Аъзои гурӯҳ – шаҳрванди 37-солаи Қирғизистон зимни додани маводи мухаддир дар бозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванди 27-солаи Русия, сокини шаҳри Томск ва истиқоматкунандаи 46-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корманди фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд боздошт шуданд», - гуфтанд дар агентӣ.

«Дар ҷараёни тафтишот ошкор гардид, ки онҳо дар шаҳри Маскав вохӯрда, барои интиқоли маводи мухаддир ба Русия маслиҳати пешакӣ карда будаанд. Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз онҳо ба миқдори 31 килову 421 грамм маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шуд», - афзуд манбаъ.