Хуҷанд. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи шаҳри Хуҷанд шаҳрванди Қазоқистонро барои ба қатл расонидани сокини шаҳр ба 14 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиа, додраси додгоҳи шаҳрӣ Иноятулло Ғуломов хабар дод, додгоҳ шаҳрванди 47-солаи Қазоқистон, сокини вилояти Актюбинск Николай Павлочевро, ки қаблан берун аз қаламрави Тоҷикистон ду маротиба маҳкум шудааст, дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи 104, қ. 1и КҶ ҶТ (одамкушӣ) гунаҳкор донист ва ӯро ба муддати 14 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Бино ба гуфтаи додрас, Н. Павлочев макони зист надошта, аз моҳи декабри соли 2009 дар қаламрави шаҳри Хуҷанд қарор дорштааст ва макони зисташ қабристони христианӣ дар микрорайони 19-ум будааст.
Рӯзи 2-юми сентябри соли 2010 ӯ дар ҳолати мастӣ бо шиноси худ Валиҷон Туробов вомехӯрад. Дар натиҷаи ҷанҷолу занозании рухдода миёни онҳо, Павлочев бо корд ба қафаси синаи Туробов зарба мезанад, ки баъди чанде ӯ ба ҳалокат мерасад. Мӯҳлати ҷазоро Павлочев дар зиндони низомаш шадид адо мекунад.
Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 19 ҳодисаи куштор (соли 2010 – 26 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста