Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар шаҳри Истаравшан як миқдор маводи сахттаъсири героин ва дар шаҳри Душанбе ҳаби нашъаовари «экстази»-ро дарёфт ва мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 14-уми август кормадони милиси шаҳри Истаравшан ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии мваводи мухаддир сокини 33-солаи деҳаи Чорбоғ Ғайрат Ризоқуловро боздошт намуда, ҳангоми кофтукови автомашинаи ӯ аз зери нишастгоҳи мошин ҳудуди 1 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро дарёфт ва мусодира карданд.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз кормадони мақомоти милисаи пойтахт сокини 38-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Музаффар Раҳматовро боздошт карда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 231 грамм маводи нашъаовари синтетикии «экстази» дарёфт ва мусодира кардаанд.

Зикр гардид, ки ҳар ду боздоштшуда ба ҳабс гирифта шуда, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.