Дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба се корманди боздоштгоҳи Вазорати адлияи ҶТ, ки ба марги маҳбус гумонбар дониста мешаванд, оғоз гардид.

Ин ҷо сухан дар бораи Исмоил Бачаҷонов меравад, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум гардида буд ва додгоҳи ноҳияи Сино ба ӯ минбаъд реҷаи низоми шадиди адои ҷазоро ба реҷаи зиндон иваз карда буд. Дар замони ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса ӯ ба боздоштгоҳи тафтишотӣ оварда шуда, фиристодани ӯ ба ҳуҷраи зиндон пешбинӣ гардида буд. Аммо баъди чанде Бачаҷонов ҳангоми мунтақил шудан аз боздоштгоҳ ба Маркази тиббии Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи ҶТ ҳалок шуд. Баъдтар Додситонии кулли ҶТ аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиа додрас Қутбиддин Ҳусайнов хабар дод, се нафар кормандони боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ – Раҳмоналӣ Раҳмонов ва Юсуф Иброҳимов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 110, қ. 3, банди «в» (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд) ва 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста шуда, Латиф Давлатов мутобиқи моддаи 322, қ. 2-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) айбдор карда мешавад. 

«Имрӯз намоядаи додситонӣ хулосаи айбномаро қироат кард. Моҳиятан баррасӣ кардани парвандаи ҷиноии мазкур дар чаласаи додгоҳии минбаъда шурӯъ мегардад», - қайд кард додрас.

Қаблан намояндагони Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки кормандони боздоштгоҳ дар посух ба таҳқири аз ҷониби Бачаҷонов садодода ӯро бо чӯбдасти резинӣ латукӯб намудаанд, ки ин боиси маргаш шудааст.

Айни замон дар Тоҷикистон масъалаи аз ҷониби кормандони мақомоти тафтишотӣ ва бозпурсӣ  истифода намудани шиканҷаву кирдори золимона ба мушкилоти муҳими рӯз табдил ёфтааст. Бино ба маълумоти Додситонии кулли ҷумҳурӣ, соли 2010 ба мақомоти додситонӣ дар хусуси истифодаи шиканҷаву латукӯб аз ҷониби кормандони мақомоти тафтишот ва бозпурсӣ нисбати маҳкумшудагон 48 арзу шикоят ворид гардидааст. Аз ин миқдор 13 арзу шикоят тасдиқ ва аз рӯйи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, 10 парванда ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба мақомоти додситонии кишвар 18 адад ба ин монанд арзу шикоятхо ворид шудаанд, ки бар асоси онҳо 3 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳамаи онҳо ба додгоҳ фиристода шудаанд.