Аввали ҳафтаи равон зимни баргузории амалиёти махсус кормандони мақомоти милиса дар нақлиёти вилояти Суғд ду нафар сокинони Кӯлобро бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар борхалтаҳои сафарии Нурулло Саидов ва Дилшод Сатторов, ки ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз Кӯлоб омада буданд, 33 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ҳангоми бозпурсии нахуст боздоштшудагон иқрор шудаанд, ки онҳо ҳамаи маводи мухадирро яклухт ба маблағи 20 ҳазор доллари ИМА фурӯхтанӣ будаанд.

Ба иттилои манбаъ, нашъафурӯшон ба ҳабс гирифта шуда, нисбат ба аъмоли онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон аз ҷониби кормандони вазорат аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 1,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.