Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба духтури равонпизишки Маркази бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон Узоқов Раҳмоналӣ ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа ирсол карда шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Ҳикматулло Исматов, сардори шӯъбаи пешгирии ҷиноятҳои коррупсионии раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон иттилоъ дод, Узоқов зимни фаъолият дар вазифаи мудири шӯъбаи Маркази бемориҳои равонпизишкии вилояти Хатлон, аз шаҳрванд М. барои нигоҳубини бародари бемораш 300 сомонӣ талаб кардааст.

Узоқов 30-юми июли соли ҷорӣ аз тарафи кормандони раёсати номбурда ҳангоми ситонидани маблағ дастгир гардида, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 (Гирифтани пора ) оғоз карда шуд.

Ҳикматулло Исматов афзуд, ки айни замон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расида, он ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа фиристода шуд.