Хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов изҳор кард, ки ӯро рӯзҳои нахусти боздошт мавриди шиканҷа қарор доданд. Муддати ду моҳ ӯ дар ин бора сухане ба забон наовардааст, зеро ҳарос доштааст.

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар мурофиаи додгоҳӣ Ӯрунбой Усмонов гуфт, нисбат ба ӯ шиканҷа истифода шудааст. Ба гуфтаи адвокати айбдоршаванда Файзинисо Воҳидова, ӯ дар оғози мурофиа аллакйа огоҳ буд, ки зерҳимояи ӯ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, «вале бо дархости зерҳимояаш ӯ дар ин хусус ҳарфе нагуфтааст». «Усмоновро тарсонидаанд ва ӯ маро низ аз ин кор манъ кард, зеро ҳарос дошт, ки аз ин ҳам бадтар мешавад, вале рӯзи панҷшанбе қарор дод, ки худаш аз ин хусус додрасро огоҳ созад», - гуфт ӯ.

Ба қавли Ф. Воҳидова, Усмонов маҳз дар замони фосилаи вақте ки як шабонарӯзи дар боздошт қарор доштани Усмонов дар парванда дарҷ наёфтааст, мавриди шиканҷа (хомӯш кардани сигарет дар даст ва латукӯб) қарор гирифтааст. «Ӯро 13 июн боздошт намуда, муддати як шабонарӯз дар тавқифгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигоҳ доштанд, вале айбномаро рӯзи 15-уми июн пешниҳод карданд», - мегӯяд вай.

Ф. Воҳидова мегӯяд,  ӯ дархост намудааст, ки кормандони фаврӣ ва муфаттиши масъули ин қазияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар вилояти Суғд ва ҳамчунин додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Улуғбек Мустафоқулов, ки мебоист пайи шиканҷаҳои Усмоновро медид, ба сифати шоҳидон бозпурсӣ шаванд. «Дар абрӯвони Усмонов ҷароҳати кушод ва пайи сӯхтагиҳо дар дастонаш аён буданд, вале додрас аз ӯ ҳатто напурсидааст, ки ин захмҳо аз куҷо пайдо шудаанд», - иброз дошт вай.

«Агар дар хотир дошта бошед, моҳи июн ҳангоми кофтукови манзили зисти Усмонов, ӯ ба наздикони худ изҳор карда буд, ки «агар кори имшаба кардаашонро имрӯз ҳам такрор намоянд, ман дигар сабр карда наметавонам, - идома дод адвокат. – Хабарнигор имрӯз низ аз гуфтани дар кадом ҳолатҳо ва аз ҷониби кӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш худдорӣ меварзад, зеро то ҳанӯз ҳарос дорад», - гуфт Воҳидова.

Адвокат ҳамчунин изҳор кард, ки рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта раиси мурофиаи додгоҳӣ додрас Шодихон Назаров ба ин изҳороти Усмонов ҳеҷ таваҷҷӯҳе зоҳир насохтааст.

Рӯзи дигар, 19-уми август, мақомоти раҳбарии хабаргузории Би-Би-Сӣ изҳоротеро интишор намуд, ки дар он истифодаи шиканҷа нисбат ба Ӯрунбой Усмонов маҳкум карда мешавад. Ояндаи наздик созмони «Хабарнигорони бидуни марз» низ чунин изҳорот пахш карданианд.

Хабарнигори бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардид. Ӯ дар ҳамкорӣ бо фаъолияти созмони мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир» гумонбар дониста мешавад. Пас аз як моҳи боздошт ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави маҳалли зист аз маҳбас озод карда шуда буд.