Адвокати ҳафтавори «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қодировро муовини Додситони кулли ҷумҳурӣ Абдуқодир Муҳаммадиев ба ҳузур пазируфт.

Ӯ ба адвокат хабар дод, ки ариза дар бораи дархости «эътирофи воқеъӣ будани таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ аз ҷониби Валихон Муллоев (намояндаи сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Анвар Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс») ба Додситонии кулл расидааст.

Ба гуфтаи А Муҳаммадиев, шикояти мазкур ба раёсати назорат аз болои иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва маводи нашъаовари додситонӣ супурда шуда, пас аз баррасии онҳо, ин масъала то рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, худи Валихон Муллоев ин иддаъоҳоро комилан рад сохта, гуфтааст, ин тӯҳмат аст ва ӯ ният дорад, ки бо аризаи даъвогии ҷавобӣ аз болои адвокатҳо ба Додситонии кулл муроҷиат намояд.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 18-уми август намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов аризаи худро ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ пешниҳод карданд. Дар ариза аз Додситонии кулл дархост карда шуд, ки далели таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ додан ба адвокатҳо аз ҷониби А. Муллоев воқеъӣ эътироф карда шавад, зеро бо тақозои вазифа ӯ ба аслиҳа дастрасӣ дорад. Ҳамчунин дархост гардид, ки нисбат ба ин амали ӯ чораҳои дахлдор андешида шавад.

Полковник Валихон Муллоев ба ҳайси сардори шӯъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ифои вазифа мекунад.