Додгоҳи вилояти Суғд сокини 36-солаи шаҳри Табошари вилояти Суғд Икром Ортиқовро барои куштани бародараш ба 19 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи раиси мурофиаи додгоҳии мзкур додрас Ҷӯрабек Шеров, моҳи апрели соли равон Икром Ортиқов ба хона омада, шоҳиди он мегардад, ки бародараш Илҳом Ортиқов дар ҳолати мастӣ бо падари маъюбаш ҷанҷол дорад. Ӯ аз бародараш хоҳиш мекунад, ки падари маъюбашро ба ҳоли худ гузорад, вале Илҳом ба ғазаб омада, бо ӯ муноқишаро оғоз менамояд ва бо корд ба Икром таҳдид мекунад. Ҳангоми афтударафт Икром кордро аз дасти бародараш гирифта, бо он ба шикам ва тахтапушти Илҳом якчанд зарба мезанад, ки дар натиҷа бародараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Икром Ортиқов мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо мекунад.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 19 ҳодисаи куштор (ҳамин давраи соли гузашта – 26 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.