Додгоҳи Олии Тоҷикистон нисбат ба Боймурод Хоҷаев, ки дар қаламрави Русия 1-уми апрели соли 2010 боздошт гардида буд, ҳукм содир намуд.

Бино ба маълумоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, боздоштшуда барои содир намудани ҷиноёти вазнин дар қаламрави Тоҷикистон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт. Ӯ дар фаъолияти ифротгароӣ ва террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок карда, қаблан дар урдӯгоҳҳои террористии Эрону Афғонистон таълим гирифтааст ва ба рӯйхати афроде шомил аст, ки ба даст доштан дар амалиёти террористӣ дар шаҳрҳои Бишкеку Ӯши Қирғизистон аз онҳо эҳтимол меравад.

«Муайян карда шуд, ки Хоҷаев дар содир намудани ҷиноёти ниҳоят вазнин дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла куштори низомиёни Русия, рабудани муовини раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ ва чаҳор нафар кормандони шӯъбаи кофтукови ҷиноии шаҳри Ваҳдат иштирок доштааст», - хабар медиҳад «Новый регион» бо истинод ба Раёсати хадамоти федералии амнияти вилояти Челбинск.

Хоҷаев аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон паноҳ бурда, дар шаҳри Челябински Русия таҳти исми шахси бегона зиндагӣ мекард ва дар бахши сохтмон ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул буд. Кормандони Раёсати хадамоти федералии амнияти вилояти Челябинск ҷиҳати муайян кардани шахсияти Хоҷаев маводи зарурӣ ҷамъоварӣ карданд. Пас аз боздошт ӯ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуда, ба Тоҷикистон истирдод гардид.

Додгоҳ Хоҷаевро ба иттиҳоми бандитизм, гаравгонгирӣ, тамаъҷӯйиву авбошӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон ва ҳамчунин истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндагони ҳокимият ба мӯҳлати 19 соли зиндон бо мусодираи амвол ва адои ҷазо дар маҳбаси низомаш шадид маҳкум кард.