Сардори шӯъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Валихон Муллоев сардори шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Хатлон таъин карда шуд. Фармон дар ин бора рӯзи 20-уми августи соли ҷорӣ ба имзо расидааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми август ҳангоме ки намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов дар маҷлисгоҳи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ оғози мурофиа оид ба даъвои сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил Анвар Тағоймуродов нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс»-ро интизорӣ доштанд, намояндаи Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ А. Муллоев ба онҳо таҳдид кард.

«Алихон Муллоев яке аз намояндагони А.Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳӣ аст. Имрӯз вақте мо ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шудем ва додрасро дар толор интизорӣ доштем, ӯ ба мо чунин гуфт: «шумо душманони мақомоти милиса ва ман шахсан шуморо аз пешониатон мепарронидам» ва «ман шуморо бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо нобуд месозам», ин суханонро ӯ чандин маротиба такроран гуфт, - гуфта буданд адвокатҳои ҳафтавор. – Ин суханон дар ҳузури шоҳидон гуфта шуданд. Дар толор намояндагони матбуот ва созмонҳои гуногуни байнулмилалии ҳуқуқӣ, ки қазияи мазкурро пайгирӣ мекунанд, ҳузур доштанд».

Дар таърихи 18-уми август намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов аризаи худро ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ пешниҳод карданд. Дар ариза аз Додситонии кулл дархост карда шуд, ки далели таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ додан ба адвокатҳо аз ҷониби А. Муллоев воқеъӣ эътироф карда шавад, зеро бо тақозои вазифа ӯ ба аслиҳа дастрасӣ дорад. Ҳамчунин дархост гардид, ки нисбат ба ин амали ӯ чораҳои дахлдор андешида шавад.

Чанде баъдтар сардори Раёсати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки В. Муллоев «дар муддати ним сол боре ҳам аслиҳаи кориашро нагирифтааст, зеро вобаста ба навъи фаъолияташ он ба ӯ зарур нест». Рӯзи 19-уми август сардори ситоди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Тоҳир Норматов изҳор кард, ки мақомоти раҳбарии вазорат бобати санҷиши ин ҳодиса супориш дода, тафтиши қазияи мазкур ба дӯши нозироти раёсати кадрҳои вазорат вогузор шудааст.

Худи ҳамон рӯз адвокати ҳафтавори «Азия-Плюс» Шуҳрат Қодировро муовини Додситони кулли ҷумҳурӣ Абдуқодир Муҳаммадиев ба ҳузур пазируфта, дар робита ба ин масъала гуфт, ариза то рӯзи сешанбе баррасӣ мешавад. Аммо рӯзи сешанбе ба адвокати дигари ҳафтавор Абдураҳмон Шарифов аз Додситонии кулл хабар доданд, ки Раёсати нозироти иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари додситонӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ маводи тафтишоти дохилии қазияи мазкурро дархост кардааст ва рӯзҳои наздик он бояд ба додситонӣ пешниҳод гардад.