Дар вилояти Хатлон шаҳрванди Туркия, ки ба қочоқи ашёву чизҳои дорои арзиши фарҳангӣ ва таърихӣ гумонбар мешуд, аз толори додгоҳ озод карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи ноҳияи Қумсангир Иззатулло Табаров хабар дод, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ айб шаҳранди Туркия Солеҳ Ӯзбек мутобиқи моддаи 289, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қочоқ») пурра исботи худро ёфт.

Додгоҳ шаҳранди Туркияро дар ҳаҷми 1008 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳанда – 35 сомонӣ) ҷаримабандӣ кард.

Рӯзи 6-уми июни соли ҷорӣ дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён кормандони гумрук зимни азназаргузаронии бағочи ин шаҳрванд ашёву чизҳоеро пайдо месозанд, ки арзиши таърихиву фарҳангӣ доранд ва дар эъломия зикр наёфтаанд. Аз ҷумла миёни ин чизҳо 96 нусхаи матоъҳо бо гулдузии миллӣ ва якчанд ҷуфт ороишоти занона мавҷуд будаанд.

Шаҳрванди Туркия тавассути қочоқ нияти онҳоро ба хориҷи кишвар бурданӣ дошт. Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, бидуни иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанг ба хориҷи кишвар интиқол додани онҳо манъ аст. Зимни тафтишоти пешакӣ айби гумонбаршуда пурра исботи худро ёфт. Парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати баррасии минбаъда ба додгоҳи ноҳияи Қумсангир фиристода шуда буд.

Ҳимоягари айбдоршаванда Шаниф Ҳаётов дар навбати худ гуфта буд, ки зерҳимояи ӯ ин ашёи таърихиро на ба хотири фурӯш, балки чун тӯҳфа барои хешу ақрабояш харидааст. «Мутаассифона, ӯ намедонист, ки барои интиқоли онҳо ба хориҷи кишвар иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанг зарур аст», - зикр карда буд номбурда.