Дар зарфи 8 моҳи соли равон кормандони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъавоар ва шӯъбаҳои корҳои дохилии вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ 310 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 99 кило камтар аст.

Ба гуфти сардори бахши таҳлили шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД-и вилоят Насим Олимов, дар ин давра беш аз 21 кило маводи сахттаъири героин мусодира шудааст. Қисмати зиёди маводи мухаддири мусодирашударо ҳашиш ташкил медиҳад, ки он ба зиёда аз 275 кило баробар аст.

Аз рӯйи ин далелҳо мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ 164 парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорат маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон аз ҷониби тамоми воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 465 кило маводи мухаддир (соли 2010 – 466) мусодира шудааст, ки беш аз 96 килои онро героин ташкил медиҳад.