Ҳамсари гумонбаршуда ба узвият дар гурӯҳи террористӣ, шаҳрванди Русия, зодаи шаҳри Конибодом Илҳом Исмоновро имрӯз дар додгоҳ бозпурсӣ накарданд. Ӯ шоҳиди асосӣ оид ба далели истифодаи шиканҷа нисбат ба ҳамсараш маҳсуб меёфт.

Илҳом Исмонов 3-юми ноябри соли 2010 аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд ба гумони узвият дар гурӯҳи террористӣ боздошт шуда буд.

Он замон созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International ба пуштибонӣ аз Исмонов изҳорот пахш кард, ки дар он аз истифодаи шиканҷа нисбат ба Исмонов изҳори нигаронӣ карда мешуд. Мақомоти расмӣ бо тасдиқи он, ки ташхиси тиббӣ истифода шиканҷаро тасдиқ накардааст, ин изҳоротро нодида гирифтанд.

Аммо хешовандони И. Исмонов мегӯянд, ташхис дар таърихи 27 ноябр гузаронида шуд ва дар ин вақт аз пайу изҳои истифодаи шиканҷа осоре ҳам боқӣ намонда буд. Мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба парвандаи ҷиноии И. Исмонов моҳи июли соли равон оғоз гардид. Дар парвандаи мазкур ҳудуди 50 нафар иштирок мекунанд. Тибқи баъзе маълумотҳо, дар додгоҳ аксари онҳо изҳор карданд, ки дар тафтишоти пешакӣ таҳти фишори равонӣ ва ҷисмонӣ баёнот додаанд ва дар ҷараёни мурофиа аз баёнотҳои пешакии худ даст кашиданд.

дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳамсари Исмонов Заррина Наҷмуддинова иттилоъ дод, ки имрӯз дар мурофиаи додгоҳии навбатӣ ӯ мебоист ба сифати шоҳид роҷеъ ба боздошти ғайриқонунӣ ва истифодаи шиканҷа нисбат ба шавҳараш баёнот медод. Аммо, ба қавли ӯ, айбдоркунандаи давлатӣ дархост кардааст, ки ӯ бозпурсӣ нашавад. «Сабаби инро ӯ чунин шарҳ дод, ки баёноти ман дар тафтишоти пешакӣ шунида шуда, онҳо қисман тасдиқ шудаанд ва бинобар он ба бозпурсии ман ҳеҷ ҳоҷате нест», - гуфт ҳамсари судшаванда.

Ба қавли З. Наҷмуддинова, ҳамсари ӯро муддати 10 рӯз ғайриқонунӣ дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта, нисбат ба ӯ рафтори золимонаро раво дидаанд. «Ман ба мақомоти гуногун, аз ҷумла то президенти мамлакат муоҷиат кардам. Сипас ба ман аз Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кули ҷумҳурӣ мактубҳо расиданд. Дар онҳо гуфта мешуд, ки далелҳои дар ариза овардаи ман қисман тасдиқ шудаанд ва дарвоқеъ ҳам далелҳои боздошти ғайриқонунӣ ҷой доранд ва нисбат ба гунаҳкорон чораҳои интизомӣ андешида мешаванд. Аммо далелҳои истифодаи шиканҷа тасдиқи худро наёфтаанд. Аммо ин тавр нест. Адвокати мо дархост кард, ки ба ҳар ҳол ман бозпурсӣ шавам. Айни замон додрас танаффус эълон намуд ва мо умедворем, ки дар танаффус дархости мо қонеъ карда хоҳад шуд», - мегӯяд З.Наҷмуддинова.

Ӯ таъкид кард, ки ҳанӯз аз аввали оғози мурофиа ҳамсараш изҳор кардааст, ки нисбати ӯ шиканҷа истифода шудааст, вале алҳол додгоҳ  дар ин хусус ҳеҷ чорае наандешидааст. Мурофиа дар вилояти Суғд доир гардида, пагоҳ идома меёбад.

Яке аз адвокатҳои айбдоршавандагон Фарҳод Қурбоналиев изҳор кард, ки алҳол додгоҳ дар ин хусус ҳеҷ қароре қабул накардааст, вале шояд ин амал дар анҷоми мурофиа сурат гирад.

Илҳом Исмонов бо он айбдор карда мешавад, ки моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Маскав бо пешвои созмони ҷиноятпешаи «Ҳизби исломии Туркистон» Исмон Азимов мулаққаб ба Сайфулло робита пайдо намуда, аз ӯ ду телефон ва DVD-диск гирифтааст. Минбаъд бо супориши шахсе бо номи Сӯҳроб Ваҳҳобов ӯ ин телефонҳоу дискҳоро ба шахсе бо номи Абдулло додааст. Дар таъризи 28.10.2010 сол ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ дар деҳаи Қурӯқи Болои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара С. Ваҳҳобов муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ба ҳалокат расид. Ба И. Исмонов мутобиқи моддаҳои 36, қ 5 ва 187, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбнома пешниҳод шудааст.