Суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Панҷро ба қатли писари 8-солаи худ гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 25 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои судяи суди вилояти Хатлон Тоҳир Ҳамзаев, рӯзи 11-уми июли соли равон тахминан соатҳои 17 судшаванда дар назди хонаи худ дар деҳаи Отчапарии ҷамоати «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ гардани писари худро буридааст.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ судшаванда ба гуноҳи худ иқрор шуд. Тибқи баёнот, ӯ ҷиноятро дидаву дониста содир кардааст, зеро шубҳа доштааст, ки писар аз ӯ нест ва ҳамсараш ӯро аз каси дигар ба дунё овардааст.

Прокуратураи ноҳияи Панҷ дар санаи 12-уми июли соли равон нисбат ба Фаридун Нуруллоев мутобиқи ду моддаи КҶ ҶТ – 104 (Одамкушӣ) ва 237 (Авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар суд зикр карданд, ки мутобиқи моддаи 2-юми КҶ ҶТ Фаридун Нуруллоев барои он гунаҳкор шуморида мешавад, ки пас аз қатли писараш дар роҳ ба сӯйи хонаи падараш чархи мошини КамАЗ-ро кафонида, ҳамчунин тамоми шахсони бо ӯ вохӯрдаро дашному таҳқир кардааст.