Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД-и ҷумҳурӣ зимни як амалиёт беш аз 90 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати мазкур Мансур Бухориев хабар дод, кормандони раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи милисаи таъиноти махсус (ОМОН)-и ин вилоят дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод ба гумони даст доштандар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 25-солаи ноҳияи Восеъ Р.Н.-ро боздошт кардаанд. «Ҳангоми кофтуков аз ӯ 6 бастаи полиэтилении дорои маводи мухаддири гурӯҳи каннабис дарёфт шуд, ки вазни умумии он 90 килову 70 граммро ташкил дод», - гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, айни замон ҷиҳати муайян кардан ва боздошти афроди дигари дар ин ҷиноят дастдошта чораҳо андешида мешаванд.

Дар идома Бухориев изҳор кард, ки ғайр аз ин,  ахири ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Варзоб кормандони раёсат сокини 19-солаи шаҳри Душанбе Х.А.-ро низ ба гумони машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардаанд. «Ҳангоми кофтукови шахсии Х.А. аз ӯ 149 капсулаи дорои 958 грамм маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира гардид», - гуфт вай.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон аз ҷониби кормандони тамоми воҳидҳои вазорат аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 843 кило маводи мухаддирро мусодира карда шудааст.