Рӯзи 6-уми феврал шаҳрванди Тоҷикистон Яков Тсой аз зиндони Пули Чархии Афғонистон озод карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вахзорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон ӯ дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Кобул қарор дошта, тавассути хатсайри ҳавоии наздиктарин ба ватан меояд.

Тобистони соли 2008 се шаҳрванди Тоҷикистон - Яков Тсой, Ширинбек Искандаров ва Ҳасан Отараев дар Афғонистон бо ҷурми ҷосусӣ боздошт шуда буданд. Моҳи июни соли гузашта бо дахолати тасодуфии президенти Тоҷикистон Искандаровро ба Тоҷикистон бозгардонданд. Маҳз ӯ ба ВАО дар бораи тақдири ҳамдиёронаш, ки «аз ҷониби мақомоти махсуси кишвари ҳамсоя боздошт ва сипас бидуни асосу далел маҳкум шуда буданд», изҳорот дод. Моҳи октябри соли 2011-ум Отараеви 50 –сола  дар зиндони Пули Чархӣ аз олам даргузашт.