Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи сеюми кушоди судӣ оид ба даъвои рӯҳониёни маъруф бародарон Тӯраҷонзодаҳо нисбат ба раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода идома ёфт.

Даъвогарон бародарон Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода муфтиро дар тӯҳмат нисбати худ ва тақаллубу сохтакорӣ дар изҳороти Шӯрои уламо айбдор медонанд. Дар изҳороти мазкур оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузор намудани маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа дар масҷиди оилавии худ – «Муҳаммадия» гунаҳкор шуда буданд.

Раиси Шӯрои уламо гуфт, аризаи даъвогии Тӯраҷонзодаҳо танҳо аз болои як нафар – муфтӣ дода шудааст ва ин дар ҳолест, ки зери изҳорот ҳамаи аъзои Шӯрои уламо имзо гузоштаанд.

Дар навбати худ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор кард, ки ба «коллективӣ» будани изҳорот шубҳа дорад, зеро ӯ шахсан бо 80%-и аъзои Шӯро сӯҳбат карда, онҳо эътироф намудаанд, ки ба имзо гузоштан онҳоро маҷбур кардаанд.

«Имзои аъзои Шӯрои уламо пас аз пешниҳоди аризаи даъвогии мо бо кӯмаки КДАМ ҷамъоварӣ шудааст. Аъзои Шӯрои уламо омодаанд, ки ба суд ҳозир шуда, ошкоро дар ин бора ҳарф зананд», - гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, раиси Шӯрои уламо гуфт, тамоми аъзои Шӯро, ки зери изҳорот имзо гузоштанд, қаблан бо матни он шинос гардида буданд. Бино ба маълумоти вай, Шӯрои уламо 25 нафар аъзо дорад ва дар маҷлисе, ки изҳорот қабул шуд, 14 нафар ҳузур дошта, аъзои боқимонда нусхаи изҳоротро гирифта буданд.

Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода ҳангоми танаффус дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки агар ҳамаи аъзои Шӯро тасдиқ намоянд, ки зери изҳорот имзо гузоштаанд ва агар раиси Шӯрои уламо ба иштибоҳи худ иқрор шуда, дар дар ҳузури  умум аз онҳо узр бипурсад, ба даст кашидан аз даъвои худ омода аст.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 6-уми декабри соли равон Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳороте пахш карда, дар он оилаи рӯҳониён Тӯраҷонзодаҳоро ба баргузор намудани маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа гунаҳкор донист ва аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост намуда буд, ки ба ин амали Тўраҷонзодаҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баҳри пешгирӣ намудани чунин амалҳои бегонапарастӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Дар изҳорот аз ҷумла зикр гардида буд, ки «бо назардошти он, ки мардуми шарифи Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, таърихан на дар Бухорову Самарқанд, на дар Хатлону Хуҷанд ва на Ҳироту Ҳисори бостон, ки садҳо уламо ва донишмандони ҷаҳониро дидааст, дар ҳеҷ давру замон маросими Ошўроро мотам нагирифтаанд, аз ин хотир Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали Тўраҷонзодаҳоро дар мавриди мотамгирии Ошўро, ки дар таърихи 2 декабри соли 2011 дар масҷиди ҷомеи деҳаи Туркободи шаҳри Ваҳдат анҷом доданд, ба пуррагӣ мухолифи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ меҳисобад».

Кумитаи умури дини назди ҳукумати кишвар рӯзи 9-уми декабр мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия»-ро, ки ҳамчун масҷиди оилаи Тӯраҷонзодаҳо маъруф аст, ба муддати се моҳ манъ кард.