Зимни азназаргузаронии мусофирони хатсайри ҳавоии Кӯлб-Маскав аз ҷониби кормандони хадамоти гумрук ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 32-солаи шаҳри Кӯлоб Б.А. боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, табибон дар меъдаи мусофири боздоштшуда 124 ғилофаки дорои героинро ошкор сохтанд, ки вазни умумии он ҳудуди 500 граммро ташкил дод.

Бино ба иттилои манбаъ, соли равон кормандони мақомоти гумруки кишвар се далели қочоқи маводи мухадирро ошкор сохта, аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 кило героин ва ҳашишро мусодира карданд.