Дар пойтахти ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ се нафар ноболиғон боздошт шуданд, ки яке аз онҳо толибилми 15-солаи литсейи тоҷикиву туркӣ мебошад.

Муайян карда шудааст, ки онҳо бо истифода аз зӯровариву таҳдид рӯзи 7-уми феврали соли равон «iPhone»-и арзишаш 4,5 ҳазор сомонии донишҷӯйи 19-соларо аз дасташ кашида гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зикр гардид, ки ғоратгарони наврас базудӣ дастгир шуда, аз рӯйи ин далел корҳои тафтишотӣ анҷом дода мешаванд.