Нисбат ба собиқ директори генералии ҶДММ «Тоҷик-Корея-Керамик» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Аз РКД-и вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ доданд, ки роҳбари ширкати номбурда, сокини 48-солаи шаҳри Хуҷанд Музаффар Бобоҷонов ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ширкат муддати начандон тӯлонӣ – аз моҳи декабри соли 2007 то моҳи октябри соли 2008 фаъолият дошт.

Муайян карда шудааст, ки санаи 29-уми сентябри соли 2011 Бобоҷонов ба боварии сокини пойтахт А.Г. даромада, бо ваъдаи тибқи квота ба маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ фиристодан аз ӯ 16 ҳазор доллари ИМА маблағ мегирад.

Сипас ӯ ин маблағро ба эҳтиёҷоти худ масраф карда, ғайб мезанад. «Маводи гирдоварда ба парвандаи ҷиноии қаблан аз 6-уми январи соли 2012 бозшуда илова гардида, ҷиҳати боздошти Бобоҷонов чораҳо андешида мешаванд», - гуфтанд дар РКД-и вилоят.

Бино ба маълумоти Раёсати зиддикоррупсияи вилояти Суғд, соли 2011 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 108 далели қаллобӣ (соли 2010 – 45 далел) ба қайд гирифта шудааст.