Вазъи рӯҳии раиси 53-солаи ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабаек Охунов, ки мурофиаи судӣ нисбаташ идома дорад, якбора бад шуд.

Суди олии Тоҷикистон дархости вкили мудофеи Охунов дар бораи баргузор намудани ташхиси равониро қонеъ сохта, гузаронидани ташхис ба Вазорати тандурустӣ вогузор шудааст.

«Ташхис бинобар сабаби бад шудани вазъи рӯҳӣ ва асабҳои судшаванда, ки доир намудани мурофиаҳои судии минбаъдаро ғайриимкон месозад, гузаронида мешавад. Муддати се ҳафтаи ахир вазъи саломатии зерҳимояи ман якбора хеле бад шудан гирифт ва мо чандин маротиба аз раиси суд ташхисро дархост кардем, вале танҳо ҳамин рӯз бо ба нуқтаи олӣ расидани вазъи рӯҳии зерҳимояи ман, дархости моро қонеъ карданд. Ӯ ба гуфтаву амали худ сарфаҳм рафта наметавонад ва ин нигаронии мо аз саломатии ӯро ба бор овардааст», - гуфт вакили мудофеи судшаванда Шӯҳрат Қудратов.

Ба қавли ӯ, Охунов ба табобат дар дармонгоҳ ниёз дорад ва ин танҳо пас аз гузаронидани ташхис имконпазир аст.

«Суд мебоист дархости аввали моро пас аз зуҳури аломатҳои нахустини беморӣ ба инобат мегирифт, аммо судя ба он эътибор надод, ҳарчанд ба ҳамаи иштирокчиёни мурофиа ва пеш аз ҳама ба судя вазъи саломатии ӯ аён буд», - мегӯяд Қудратов.

Хабари бад шудани вазъи саломатии Ҷӯрабек Охуновро ба ОИ «Азия-Плюс» бародари ӯ – Тӯрабек Охунов низ тасдиқ кард. «Ӯ ҳозир гӯё ба чизе сарфаҳм намеравад ва мо аз вазъи саломатии ӯ дар ташвишем. Дар давоми якуним соли тафтишоту мурофиаи судӣ ду маротиба фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» мавриди санҷиш қарор гирифта, муқаррар карда шуд, ки дуздӣ содир нашудааст. Парвандаро бояд кайҳо қатъ мекарданд, вале мақомот мехоҳанд чизи набударо исбот намоянд. Ман фикр мекунам, ки маҳз бо ҳамин сабаб вазъи саломатии Ҷӯрабек бад шуд», - мегӯяд вай.

Ба гуфтаи ӯ, дар оилаи онҳо касе ҳеҷ гоҳ бемории рӯҳӣ надошт ва ба он гирфтор ҳам нашуда буд.

ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш кард, то бо судяи мурофиаи мазкур Шавкат Абдулхайров тамос бигирад, вале кӯшишҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд. Телефони кории судя посух намедод ва котиби судя чун фаҳмид, ки журналистон занг мезананд, дарҳол телефони ҳамроҳашро хомӯш кард.

Ёдрас мекунем, ки Ҷӯрабек Охунов дар содир намудани ҷиноёти қаллобӣ ба миқдори ниҳоят зиёд, азхудкунии воситаҳо, соҳибкории ғайриқонунӣ ва расонидани зарари молӣ тавассути фиреб ва суистеъмол аз боварӣ айбдор карда мешавад.

Чанде қабл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуда буд, ки Прокуратураи генералӣ ба гузаронидани санҷиши такрории фаъолияти молиявӣ-хоҷагии ширкат дастур додааст, зеро санҷиши қаблӣ танҳо солҳои 2007-2010-ро фаро мегирифт.

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд. Муфатттишон ҳамеша далелҳои нав пайдо мекарданд, ки сипас он ба як истеҳсолот муттаҳид карда шуд. Масалан, далели азхудкунии 2,8 млн. сомонӣ маблағе, ки аз «Тоҷиксуғурта» барои сохтмони идораҳои зертобеъ дар ноҳияҳо гирифта шуда буд, муайян карда шуд. «Ин маблағҳоро раиси ширкат ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст ва он дар ҷараёни санҷиш исбот гардид», - гуфта буд муовини аввали прокурори генералии ҶТ Абдуқодир Муҳаммадиев.

Ғайр аз ин, ба қавли Муҳаммадиев, ширкат ҳамчунин 7,4 млн. сомонӣ маблағи Бонки исломиро, ки барои маркази солимӣ дар ноҳияи Данғара ҷудо шуда буд, азхуд кардааст.

Аммо адвокати судшаванда Шӯҳрат Қудратов мӯътақид аст, ки мутобиқи қарордодҳои баимзорасида миёни ҷонибҳо, биноҳои «Тоҷиксуғурта» бояд ахири соли 2010 мавриди истифода қарор мегирифтанд, вале Охунов аз моҳи ноябри соли 2010 дар маҳбас қарор дорад ва аз он замон фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» қатъ гардида, аз ин рӯ, иншооти мазкур ба истифода дода нашуданд.

«Сохтмони иншоот то ҳабси Охунов мувофиқи реҷаи муқаррашуда сурат гирифта буданд ва корҳои сохтмонӣ қисман ба анҷом расонида шудаанд. Ба маблағи боқимонда масолеҳи сохтмон харида шудааст, ки айни замон дар анборҳои ширкат нигаҳдорӣ мешаванд», - изҳор дошта буд Қудратов.

Ширкати «Мовароуннаҳр» аз соли 2005 ба сохтмони ипотекии манзили зист машғул аст, аммо аз аҳолӣ қисман ё пурра маблағи сохтмони манзили зистро ҷамъоварӣ намуда, на ҳамаро бо манзили зисти ваъдагӣ таъмин кардааст.