Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҳодисаи навбатии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар фурудгоҳи пойтахт кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе ба гумони интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар шаҳрванди ҷумҳурӣ А.И.-и 29-соларо боздошт карданд.

«Зимни азаназаргузаронии гумрукӣ аз борхалтаи сафари ӯ 661 маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти ҳодиса ба дӯши прокуратураи нақлиёти кишвар вогузор аст.