Суди шаҳри Шелковски вилояти Маскав бобати то 28-уми апрел ба ҳабс гирифтани соҳибкори тоҷик ва собиқ вакили мардумӣ Низомхон Ҷӯраев қарор содир намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти суди вилояти Маскав, Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон ба дуздии воситаҳои давлатӣ ба миқдори ниҳоят зиёд ва созмон додани гурӯҳи ҷиноятпеша муттаҳам дониста мешавад.

Хабаргузории РИА Новости менависад, мутобиқи маълумоти мақомоти интизомии Тоҷикистон, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва собиқ директори генералии корхонаи кимиёвии «Кимиё»-и ноҳияи Исфара Низомхон Ҷӯраев гурӯҳи ҷиноятпешае созмон дода, ки аъзои он ба қатли муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Толиб Бобоев дар соли 1999 даст доранд. Онҳо ҳамчунин ба бандитизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа, гирифтани маблағҳои пулӣ бо роҳи ҷиноят ва ғайра айбдор карда мешаванд.

Муфаттишони Тоҷикистон муайян намудаанд, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба давлат дар ҳаҷми 38 млн. сомонӣ зарари молӣ расонидааст. Аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятпешаи мазкур 16 иншооти давлатӣ ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шуда, аллакай ба давлат бозпас баргардонида шудаанд.

Моҳи июни соли 2009 Суди олии Тоҷикистон беш аз 30 тан аз аъзои гурӯҳро ба муддати аз 10 то 25 соли зиндон маҳкум кард. Худи Ҷӯраевро бошад, ҳукумат ба пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон кард.

Моҳи августи соли 2010 бо дархости Душанбе ҳукуматдорони Русия Ҷӯраевро дар шаҳри Маскав боздошт намуда, моҳи феврали соли 2011 Прокуратураи генералӣ бобати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон қарор қабул кард. Дар ҳамин ҳол, Ҷӯраев дархост намуд, ки ба ӯ дар Русия паноҳгоҳи сиёсӣ дода шавад.

Созмони дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International ба ҳукуматдорони Русия ҷиҳати даст кашидан аз истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистон муроҷиат намуд, зеро ӯ дар он ҷо метавонист мавриди шиканҷа қарор гирад.

Ғайр аз ин, зими ҷаласаҳои судӣ дар суди шаҳри Маскав аз ҷониби дифои соҳибкор якчанд нафар шоҳидон пурсида шуда, онҳо роҷеъ ба ҷой доштани ҳолатҳои зиёди шиканҷа дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон изҳор кардаанд.