Мансабдори воломақоми Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз манбаъҳои мавҷуда дар сохторҳои қудратӣ маълум шуд, сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии АНМН, полковник Равшанбек Мирзоаҳмедов ҳанӯз 10 рӯз пеш боздошт шуда будааст.

Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, амалиёти боздошти Мирзоаҳмедов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳамдастӣ бо Прокуратураи генералӣ сурат гирифтааст. Дар бораи ҷузъиёти дигар маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилои мазкурро на тасдиқ сохтанду на рад карданд.

Моҳи январи соли 2012 зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти сол директори АНМН Рустам Назаров изҳор карда буд, аз моҳи июни соли 1999 – замони таъсиси Агентӣ оид ба гумони даст доштан дар фасодкорӣ ҳафт корманди АНМН боздошт шудаанд.