Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 27-уми март дар шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як марди 44-солаи қаблан маҳкумшуда боздошт мегардад.

«Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда, 31 бастаи селлофанӣ бо маводи шубҳанок дарёфт ва мусодира карда шуд, - гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, аз натиҷаҳои ташхис маълум гардидааст, ки ин маводи нашъаовари ҳашиш буда, вазни умумиаш беш аз 16 килоро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз оғози соли равон кормандони милиса беш аз 350 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд.