Созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International ё Афви байнулмилал аз ба таври «асроромез» нопадид шудани собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва тоҷир Низомхон Ҷӯраев изҳори нигаронӣ мекунад.

Дар сомонаи Amnesty гуфта мешавад, Ҷӯраев аз боздоштгоҳи вилояти Маскав рӯзи 29-уми март озод шудааст, вале то ҳанӯз макони будубоши ӯ маълум нест. «Ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ва эҳтимол меравад, ки бо мақсади ба ватан баргардонидан аз ҷониби хадамоти махсуси ин кишвар рабуда шуда бошад. Дар чунин вазъ истифодаи шиканҷа ва райтори бераҳмона низ нисбати ӯ ҷой дошта метавонад», - зикр мегардад дар изҳороти созмон.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки ба адвокати Н.Ҷӯраев Анна Ставитская рӯзи 29-уми март хабар додаанд, ки ӯ озод карда мешавад. Ӯ фавран ба тавқифгоҳ омадааст, вале ба ӯ гуфтаанд, ки Ҷураев аллакай озод карда шудааст. Дар бораи тақдири минбаъдаи ӯ дигар чизе маълум нест. Тибқи маълумоти мавҷуда оилаи Ҷӯраев дар Тоҷикистон низ аз ӯ хабаре дар даст надоранд.

Моҳи майи соли гузашта Низомхон Ҷӯраев ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат намуд. Пас аз мавриди баррасӣ қарор гирифтани муроҷиат президенти Палатаи Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати даст кашидан аз истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистон қарор қабул кард.

Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон ба дуздии воситаҳои давлатӣ ба миқдори ниҳоят зиёд ва созмон додани гурӯҳи ҷиноятпеша муттаҳам дониста мешавад.

Моҳи июни соли 2009 Суди олии Тоҷикистон беш аз 30 тан аз аъзои гурӯҳро ба муддати аз 10 то 25 соли зиндон маҳкум кард. Худи Ҷӯраевро бошад, ҳукумат ба пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон кард.

Моҳи августи соли 2010 бо дархости Душанбе ҳукуматдорони Русия Ҷӯраевро дар шаҳри Маскав боздошт намуда, моҳи феврали соли 2011 Прокуратураи генералӣ бобати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон қарор қабул кард. Дар ҳамин ҳол, Ҷӯраев дархост намуд, ки ба ӯ дар Русия паноҳгоҳи сиёсӣ дода шавад.