Мақомоти гумруки вилояти Суғд аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави Русия ҷилавгирӣ намуданд.

Чуноне аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ин далел дар Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ҳангоми азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Маскав ошкор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон У.М. боздошт гардида, гумрукчиён аз дохили пойафзоли ӯ чаҳор бастаи селлофании дорои ҳудуди 500 грамм маводи мухаддири героинро дарёфт ва мусодира кардаанд.

Зикр гардид, ки гумонбаршуда боздошт гардида, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба тафтишоти ҳодисаи мазкур мақомоти прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд машғул мешавад.