Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон роҳбари хоҷагии зотпарварии «Панҷ» Муҳаббат Адҳамовро ба 5 соли зиндон маҳкум намуд.

Бино ба гуфтаи сарёвари прокурори вилояти Хатлон Гулмаҳмад Пиров, суд Адҳамовро мутобиқи моддаҳои 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 314, қ. 3 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста, ба ӯ ин муҳлати ҷазоро сазовор донистааст.

Дар баробари директор ҳамчунин сармуҳосиби хоҷагӣ Суюнхал Эшонқулов, мудири фермаи хоҷагӣ Маннон Қосимов ва директори хоҷагии деҳқонии «Сарҳад»-и ноҳияи Панҷ, бародари М.Адҳамов – Акбар Адҳамов низ муҷозот шудаанд. Ҳамаи онҳо ба 8,6 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум карда шудаанд.

Ба қавли прокурор, ҳамаи маҳкумшудагон ба азхудкунии амволи давлатӣ айбдор дониста шудаанд.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ ошкор шудааст, ки бо ин амали худ онҳо ба давлат дар ҳаҷми беш аз 750 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.