Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК «Сангтӯда-1» дар бораи аз ШСХК «Барқи тоҷик» рӯёнидани маблағи қарз барои истифодаи барқи нерӯгоҳро қонеъ кард. Қарор дар ин бора рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 6-уми апрел содир гардид.

Чуноне аз Суди олии иқтисодӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ширкати энергохолдингӣ бояд талаботи даъвогии ҶСК «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 5 млн. сомонӣ ва ҳамчунин хароҷоти судӣ ба маблағи 100 ҳазор сомониро пардохт намояд.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» маълумоти мазкурро тасдиқ намуда, бо баҳонаи ояндаи наздик омода сохтани изҳороти расмӣ аз шарҳи минбаъда худдорӣ варзиданд.

Дар ҶСК »Сангтӯда-1 низ аз шарҳу тавзеҳи масъалаи мазкур худдорӣ карданд. Ҳамчунин то ҳанӯз маълум нест, ки чаро ҶСК «Сангтӯда-1» ба тамоми маблағи қарз неву танҳо ба 5 млн. сомонӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод кардааст, зеро замони пешниҳоди ариза ҳаҷми умумии қарз беш аз 200 млн. сомонӣ (зиёда аз 42 млн. $ бо қурби ҷорӣ)-ро ташкил медод

Айни замон ҳаҷми маблағи қарзи ширкати энергохолдингӣ дар назди нерӯгоҳ ба зиёда аз 263 млн. сомонӣ (беш аз 55 млн. $) баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки аризаи даъвогӣ ба Суди олии иқтисодӣ аз ҷониби ҶСК «Сангтӯда-1» моҳи январи соли равон пешниҳод гардида буд.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.