Рӯзи 9-уми апрел дар пойтахти ИМА маросими муаррифии гузориш дар мавзӯи «Коррупсия дар Тоҷикистон: сабаб ва оқибатҳо» баргузор шуд.  Муаллифони гузориш ду нафар олимони ҷавони сиёсатшиноси тоҷик – Муҳиддин Тоҷиев ва Шарофиддин Солиев буда, чорабинӣ дар Маркази илмӣ оид ба масоили терроризм, ҷинояткории фаромиллӣ ва коррупсия дар назди Пажӯҳишгоҳи сиёсати давлатии Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон доир гардид.

Муҳаққиқони ҷавони тоҷик унвонҷӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошанд, ки айни замон ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ дар ИМА қарор дошта, аз таҷрибаи амрикоии таҳқиқи сабабҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии коррупсия баҳравар мегарданд.

Дар маросими баррасии таҳқиқоти олимони ҷавони тоҷик намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва пажӯҳишгоҳҳо бо шумули Конгресси ИМА, Департаменти давлатӣ, Департаменти хазинадорӣ, Глобал Интегрити, Донишкадаи миллии мудофиа ва сохторҳои дигар ширкат варзиданд.

Олимони тоҷик иштирокдорони чорабинииро ба вазъи коррупсия дар Тоҷикистон, чораҳои андешидаи ҳукумат дар ин самт ва сабабу оқибатҳои он шинос карда, ҷиҳати коҳиши сатҳи коррупсия дар Тоҷикистон як қатор тавсияҳои худро пешниҳод карданд.

Муаллифони гузориш ба ҳукумати ҶТ ва созмонҳои мададрасон дар самти коҳиш додани коррупсия ба инобат гирифтани захираҳои милиявӣ ва инсонӣ, истифодаи тарзу усули мониторинги дақиқ ва баҳодиҳӣ ба чораҳои андешида дар ҷараёни ноил гардидан ба ҳадафҳои барномаи зиддифасодро тавсия доданд.

Ҳамчунин бо назардошти далелҳои мавҷудаи коррупсионӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва нақшаи хурӯҷи нерӯҳои НАТО ва Эътилофи низомӣ аз Афғонистон, коршиносни ҷавон тақвияти мубориза бо коррупсия дар марзҳоро таъкид намуданд.

Ба масъалаи риояи ҳуқуқи мардум дар бораи огаҳӣ аз далелҳои коррупсионӣ ва чораҳои андешидаи ҳукумат дар мубориза бо он таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, баргузории чорабиниҳои маърифатӣ миёни аҳолӣ натанҳо дар пойтахт, балки дар манотиқи дигари кишвар мувофиқи мақсад дониста шуд.

Дар фарҷоми маросими муаррифии гузориш муҳаққиқони ҷавони тоҷик ба суолҳои сершумори иштирокдорони чорабинӣ посух гуфтанд.