Ба ҳомии дифоъ аз ҳуқуқи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова дар бораи аз ҷониби корманди муассисаи ислоҳотии шаҳри Душанбе мавриди латукӯб қарор гирифтани маҳбус Садриддин Тошев, маъруф ба Қорӣ Садриддин хабар расидааст.

Дар суҳбати телфонӣ Бобоназарова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки бо расидани ин хабар, ӯ ҷиҳати муайян кардани вазъ ва шарҳи он дарҳол ба қабули мақомоти раҳбарии Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия роҳ пеш гирифтааст. «Генерал Иззатулло Шарифов ваъда дод, ки барои баргузории тафтишоти дохилӣ дар робита ба ин қазия комиссия таъсис медиҳад. Ӯ ҳамчунин ният дорад, ки бо маҳбус шахсан вохӯрда, арзу шикояти ӯро шунавад», - гуфт вай.

Бобоназарова гуфт, ӯ ҳамчунин бо корманди зикршудаи муассиса низ мулоқот кардааст ва дар ҷараёни суҳбат ӯ далели ҷой доштани ллатукӯби маҳбусро инкор намудааст. «Тибқи маълумоти мавҷуда, корманди муассиса Тошевро мавриди кофтуков қарор дода, сипас латукӯб кардааст. Худи корманд мегӯяд, ки дар ҳама гуна вақт ба кофтукови маҳбусон ҳуқуқ дорад, вале Тошев аз кофтуковҳои тез-тез изҳори норзигӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, корманд даст доштани худ дар латкӯбро қотеона рад месозад», - иброз дошт Бобоназарова.

Ёдрас мекунем, ки Садриддин Тошев солҳои 90-уми қарни гузашта ба ҳайати нерӯҳои низомии Иттиҳоди мухолифини тоҷик шомил буд. Даҳ сол пеш ӯ ба 25 соли зиндон маҳкум гардида буд.

С. Тошев дар содир намудани ҷиноёт мутобиқи 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 186 (Бандитизм), 308 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият), 179 (Терроризм), моддаи 181 (Гаравгон гирифтан) гунаҳкор дониста шуд. Айни замон ӯ дар муассисаи ислоҳии №1 адои ҷазо мекунад.

Тирмамоҳи соли гузашта дар робита ба масъалаи мавриди афв қарор нагирифтан С.Тошев гуруснанишинӣ эълон карда, номи ӯ дубора дар сархати расонаҳои иттилоотӣ пайдо шуд. «Гап сари он аст, ки мутобиқи Қонун «Дар бораи афв» аз 28-уми августи соли 2001, мӯҳлати ҷазои ман бояд кам карда шавад ва мувофиқи талаботи моддаи 10-и Қонун «Дар бораи афв» аз 20-уми августи соли 2011 ман бояд озод кард шавам, вале то ҳанӯз ин амал сурат нагирифтааст», - гуфта буд ӯ он замон.

Гузашта аз ин, Тошев ба унвони президенти Тоҷикистон, додситони кулли кишвар, вазири адлия, раиси палатаи поёнии парлумони кишвар, раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Комиссариати СММ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва як қатор созмонҳои байнулмилаливу ВАО нома ирсол карда, дар он аз он шикоят оварда буд, ки тӯли 10 соли маҳбусӣ нисбат ба ӯ ягон бор афв истифода нашудааст.

«… маро дар узвият ба гурӯҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев гунаҳкор медонанд ва гӯё ман ҳамроҳи онҳо муддати зиёд ба содир намудани ҷиноятҳои гуногун даст задааам. Бо ин ҳукми Додгоҳи олӣ ман қатъиян розӣ нестам, вале ҳамаи муроҷиатҳои ман ба додгоҳҳо дар бораи эътироз ҳеҷ натиҷае надоданд. Айни замон муроҷиати ман дар Комиссариати олии СММ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳам қарор дорад», - зикр гардида буд дар нома.