Суди низомии гарнизони вилояти Хатлон бо ҷурми риоя накардани қоидаҳои оинномавӣ як сарбози хизмати ҳатмии ҳарбиро ба муддати 2 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи гарнизон Зоҳир Мӯминов хабар дод, зимни мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Элмурод Сарибоев, сарбози қисми низомии №2610-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, ки дар ноҳияи Панҷ воқеъ аст, гуноҳи айбдоршаванда комилан исбот гардидааст.

Ба гуфтаи судя, дар таърихи 25-уми январ Э.Сарибоев аз ҳамхизматаш Абдулқаҳҳор Абдулфайзов, ки барои нӯшидани об ба роҳрави казарма баромада буд, хоҳиш мекунад, ки баргардад, вале ҷавоби ради ӯро шунида, ба қафаси синааш чанд зарба мезанад.

«Пас аз ба бемористони ҳарбӣ интиқол додани А.Абдулфайзов, табибон муайян карданд, ки бар асари ин латукӯб чор қабурғаи ӯ шикастааст», - изҳор кард З.Мӯминов.

Номбурда афзуд, дар мурофиа айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, суд бо назардошти ҷавон будан ва гуноҳро ба гардан гирифтани Э.Сарибоев, ӯро ба муҳлати камтар дар моддаи КҶ пешбинишуда маҳкум кард.