Як гурӯҳ ҳомиёни ҳуқуқи Русия бо дархости таваҷҷуҳ зоҳир сохтан ба аз ҷониби ҳукуматдорони Русия мунтазам риоя нашудани таъиноти Суди Аврупо оид ба истирдод ва ба ватан ғайриқонунӣ баргардонидани боздоштшудагон ба раиси Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Комиссар оид ба ҳуқуқи инсони Шӯрои Аврупо, Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо ва Кумита оид ба масоили ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон муроҷиат карданд.

Дар муроҷиати ҳомиёни ҳуқуқи Русия зикр мегардад, ки  боздоштшудагони ба ватан фиристодашуда дар он ҷо мавриди рафтори ғайриқонунӣ қарор мегиранд. Чандин ҳодисаҳо пас аз содир шудани қарори суд оид ба парвандаҳо сурат гирифта, бо ариза муроҷиаткардагон минбаъд дар тавқифгоҳҳои муваққатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дарёфт шудаанд.

Онҳо дархост кардаанд, ки бояд ҳукуматдорони Русия ҳуқуқҳои нақзшудаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Савриддин Ҷӯраев, Сӯҳроб Қозиев, Низомхон Ҷӯраев ва Рустам Зоҳидовро, ки ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ғайриқонунӣ фиристода шудаанд, дубора барқарор намуда, онҳоро ба Русия баргардонанд. Зери муроҷиати мазкур 12 нафар ҳомиёни ҳуқуқи Русия имзо гузоштаанд.