Бародарон Давлатов Абдуғафор,  Давлатов Маҳмадҳалим ва Давлатов Абдусатор, зода ва истиқоматкунандагони  деҳаи Саричашмаи шаҳри Кӯлоб ва шаҳрванд Ҳамидуллоев Ҷумахон сокини ҷамоати Турдиеви ноҳияи Ҳамадониро Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии шаҳри Душанбе барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол додан ва хариду фурӯши маводи нашъадор маҳкум намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, санаи 26-27-уми майи соли 2011 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ як гурӯҳи муташаккили нашъаҷалобон дастгир гардида, ҳангоми анзазаргузаронӣ аз дохили борхалтаи шаҳрванд Ҳамидуллоев Ҷумахон  маводи нашъадори навъи «афюн», ки вазнаш 4 кг. 408 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Инчунин аз бародарон Абдусаттор, Маҳмадҳалим ва Абдуғаффор Давлатовҳо дар 13 бастаҳои селофанӣ, ки дар дохили он маводи нашъадори «Бангдона» вазнаш 3 кг. 870 грамм,  «афюн» дар ҳаҷми 3 кг. 950 грамм ва ҳашиш  5 кг. 310 грамм ҷой дошт, дарёфт ва мусодира карда шуда буд.

Бояд қайд кард, ки айбдоршаванда  Давлатов Абдуғафор пеш бо моддаи 200  қисми 4, банди «д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мӯҳлати 15-сол суд шуда буд. Суд маводҳои парвандаро муҳокима намуда, нишондоди судшавандаҳо, шоҳидон ва баромади тарафҳоро шунида, судшаванда Ҳамидуллоев Ҷумахонро тибқи моддаи 200, қисми 4, банди «д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мӯҳлати 14-сол аз озодӣ маҳрум кард. Бародарон Абдусаттор ва Маҳмадҳалим Давлатовҳо бо моддаи 200, қисми 4, банди «д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 12-сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Абдуғафор Давлатов низ бо моддаи 200, қисми 4, банди «д»-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати 18-сол таъин гардид.