Кормандони милиса дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, як зани 22-сола Амина Хушвахтоваро, ки ба ғорати гӯшвораҳои тилоии кӯдакони хурдсол машғул будааст, боздошт намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, боздоштшуда қаблан ду маротиба аз ҷониби суд ҷазо гирифта, наздик ба 20 ҳолати чунин ғоратгариҳо гумонбар дониста мешавад.

«Амина бо роҳи фиреб кӯдакони хурдсолро аз назди хонаҳои истиқоматиашон дуртар бурда, бо роҳи зӯроварӣ аз онҳо гӯшвораҳояшонро гирифта ғайб мезадааст», - гуфтанд дар ВКД ва таъкид сохтанд, ки ҷавоҳироти ғоратшударо ӯ дар бозори «Корвон» мефурӯхтааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, бо ҳамин роҳ Оминаи Амирхонро, ки 6-сол дорад, аз кӯчаи Борбад ба маҳаллаи 65-и пойтахт  бурда, аз ӯ як ҷуфт гӯшворашро мегирад. «Ғоратгар зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз рӯйи маълумоти расида дастгир гардид», - афзуд манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.