Айбдоркунандаи давлатӣ барои айбдоршавандагон дар қатли Парвиз Давлатбеков 5 ва 10 соли ҷазо талаб кард.

Зимни музокироти ҷонибҳо айбдоркунандаи давлатӣ дар суд изҳор кард, ки айби судшавандагон тибқи нишондоди шоҳидон, қисман мувофиқи баёноти худи онҳо ва дигар маводи парванда исбот шудааст.

Дар робита ба ин ӯ аз суд дархост кард, ки ноболиғ Б.Ш. мутобиқи моддаи 104-и КҶТ (Одамкушӣ) айбдор эътироф карда шуда, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Ҳамчунин прокурор аз суд дархост намуд, ки Фаррух Самиев ва Шараф Давлатов тибқи моддаи 237 КҶ ҶТ гунаҳкор догиста шуда, ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гарданд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки нисбат ба Ҳасан Абдурашидов, ки амали ӯ ба ҷиноёти вазнин мутобиқат надорад, ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи ҳисоб таъин карда шавад.

Намояндаи ҷониби ҷабрдида Рустами Ҷонӣ аз суд дархост намуд, ки айбдоршавандагон бо тамоми ҷиддият мутобиқи қонун ҷазо дода шаванд. Ӯ ҳамчунин гуфт, яке аз айбдоршавандагон изҳор кардааст, ки зимни тафтишот ӯ таҳти фишор қарор гирифтааст, вале ҳеҷ далеле дар ин бора оварда натавонистааст.

Дар ҳамин ҳол, вакилони мудофеи айбдоршавандагон аз ҷараёни тафтишот изҳори норозигӣ карда, гуфтанд, мақомоти тафтишот ин ҳодисаро ҳамаҷониба насанҷидаанд. Аъзам Бадриддинов, вакили мудофеи ноболиғ Б.Ш. изҳор кард, ки марги П.Давлатбеков пас аз 20 соати ҳодисаи ба ӯ кордзанӣ рух додааст, вале мақомоти бо кадом сабабе масъалаи саривақт кӯмак нарасонидани табибонро баррасӣ накардааст.

Ҳамчунин А.Бадриддинов гуфт, зерҳимояи ӯ ихтиёран ба гуноҳ иқрор шудааст ва агар мусоидати ӯ намебуд, ошкор сохтани ин ҷиноят хеле душвор мегардид ва бинобар ин, аз суд дархост кард, ки ба ӯ ҷазои сабуктар дода шавад.

Вакилони мудофеи дигар судшавандагон низ аз ҷараёни тафтишот норозӣ будани худро изҳор намуда, барои зерҳимояҳои худ ҷазоҳои сабуктареро дархост карданд.