Суди шаҳри Исфара нисбати сокини 22-солаи шаҳр Юрий Маркин, ки қаблан 4 маротиба маҳкум шудааст, ҳукм содир намуд. Ин дафъа ӯ дар қаллобӣ гунаҳкор дониста шуд.

Ба қавли раиси суди шаҳрӣ Алиҷон Маҳмудов, бори ахир Юрий Маркин моҳи августи соли 2011 ба иттиҳоми дуздии амволи шахсӣ ба 4 соли зиндон маҳкум гардида буд, вале мавриди афв қарор гирифта, дар озодӣ боз ба пешаи дерина даст задааст.

«Ӯ бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Исфара М.М. даромада, худро корманди комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ мекунад ва бо ваъдаи аз хизмати ҳарбӣ озод кардани писараш аз вай 650 сомонӣ маблағ мегирад», - гуфт ӯ.

Раиси суди шаҳрӣ гуфт, ҳамчунин Ю.Маркин боз дар се ҳолати қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, зарари умумии расонидаи ӯ ба ҷабрдидагон беш аз 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Ҳамин тариқ, суди шаҳри Исфара Юрий Маркинро боз ба муддати 4 соли зиндон ва адои ҷазо дар муассисаи ислоҳоти низомаш шадид маҳкум кард. Ғайр аз ин, маҳкумшуда маблағи зарари расонида ба ҷабрдидагонро низ пардохт хоҳад намуд», - афзуд номбурда.