Имрӯз яке аз судҳои шаҳри Маскав барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи муҳоҷират ҷиҳати аз қаламрави Русия хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муноқишаи назди метрои «Вихино»-и шаҳри Маскав иштирок доштанд, қарор қабул хоҳад кард.

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия менависад, пас аз муноқишаву занозанӣ кормандони пулис панҷ нафарро боздошт намуда, боз се нафари дигар ба бемористон мунтақил шудаанд.

«Нисбати боздоштшудагон аз ҷониби Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия санади қонуншикании маъмурӣ тартиб дода шуда, он рӯзи панҷшанбе ба суди ноҳияи Кузмин ҷиҳати қабули қарор дар бораи аз қаламрави Русия хориҷ кардани онҳо фиристода мешавад», - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Номбурда афзудааст, аз рӯйи далели муноқишаву занозанӣ тибқи моддаи «Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз хадамоти матбуоти сафорати тоҷикистон дар Русия хабареро интишор намуд, ки дар он гуфта мешуд, шаби 1-ум ба 2-юми майи соли равон дар назди истгоҳи метрои «Выхино»-и шаҳри Москва миёни чанд нафар муноқишае ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа чанд тан, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамчунин зикр гардида буд, ки яке аз онҳо - Ҷумъахонов Руслан Холбобоевич (соли таваллудаш 1979) дар ҳоли ҳозир дар пажуҳишгоҳи ба номи Н. В. Склифосовскийи ш. Москва бистарӣ аст. Дигаре - Давлатов Зорро Шарофалиевич (соли таваллудаш 1977) дар шифохонаи №36-и ш. Москва зери муоинаи табибон мебошад.