Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендез вохӯрӣ доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Рамазон Раҳимов оид ба сиёсати давлати Тоҷикистон ҷиҳати такмил додани қонунгузорӣ ва расмиёти мавҷуда, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва шаъну шарафи инсон равона шудаанд, муфассал баромад кард. Рамазон Раҳимов иброз намуд, ки мушкилоти мавҷударо дар ҳамбастагӣ  бартараф намуда, минбаъд низ фаъолиятро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ хоҳем мон

Рамазон Раҳимов аз ҷумла, қайд кард ки: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойҳои нигоҳдории шахсони дар ҳабс буда, ки ҷиноят содир кардаанд, дар системаи Вазорати корҳои дохилӣ танҳо Маҳкамаи нигоҳдории муваққатӣ ва ҳабсшудагон (ИВС) боқӣ мондааст.

Ҳуқуқҳои шахсони дар ҳабс буда, бо моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.06.с.2011 «Оид ба тартиб ва шароити нигоҳдории гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва ҳабсшудагон» ба низом дароварда мешавад.

Мутобиқи моддаи 186 КМҶ ҶТ (саломатиро пурсуҷӯ кардан) – барои дар бадани одам муайян кардани нишонаҳои махсус, изи ҷиноят, зарари ҷисмонӣ, ҳолати мастӣ ва ё дигар аломатҳо мумкин аст, пурсиши гумонбаршуда ва айбдоршаванда ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки табиб гузаронида шавад.

Дар ҳолати муайян кардан ва тасдиқи истифодаи усулҳои манъшуда ва таъсири ҷисмонӣ,  шахси ваколатдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаҳои 314, 316, 354 КҶ ҶТ кашида мешавад.

Вохӯрӣ дар фазои якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ ба анҷом расида, дар хотима, Вазири корҳои дохилӣ ба Хуан Мендез ҷиҳати фаъолияти инсондӯстонааш ба ҷомеаи мо изҳори миннатдорӣ намуд.