Санаи 20-уми май дар Тоҷикистон амалиёти махсуси ҳамасолаи «Кӯкнор-2012» оғоз мегардад.

Мутобиқи қарори ҳукумат, он бо мақсади ҳамоҳангсозии кӯшишоти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар самти ошкорсозӣ ва мусодираи рустаниҳои нашъаовар, нобудсозии заминҳои кишти он ва мубориза бо муомилоти ғайиқонунии маводи мухаддир доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, амалиёти «Кӯкнор-2012» дар ду марҳила баргузор шуда, 30-юми ноябри соли равон ба итмом мерасад.

Дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад, ки он корҳои тадорукотӣ ва баргузории амалиётро ҳамоҳанг месозад. Ба ин монанд ситодҳо дар назди ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо низ таъсис дода мешаванд.

Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2012» барои ошкор сохтани макони киштукори рустаниҳои нашъаовар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гурӯҳҳои махсус созмон дода мешаванд. Аввали моҳи декабри соли ҷорӣ натиҷаҳои амалиёт ҷамъбаст карда мешаванд.