Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар дуздии масолеҳ аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» сокини 41-солаи шаҳри Ваҳдат З.Т.-ро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, боздоштшуда, ки ба ҳайси ронандаи автомашинаи сементкаш дар сохтмон фаъолият дошт, ба дуздии беш аз 6 тонна семент ба маблағи ҳудуди 6 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста мешавад.

«Дар бораи дуздии ронанда шаҳрвандони поквиҷдон тавассути телефони боварӣ ба мақомот хабар доданд», - таъкид доштанд дар ВКД.