Рӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе беш аз 12 кило маводи мухаддиррро мусодира намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 47-солаи ноҳияи Бохтарро боздошт намудаанд.

«Зимни кофтукови автомашинаи ба ӯ тааллуқдошта аз дохили он беш аз 1,7 кило маводи мухаддири ҳашиш ва 10,7 кило афюн дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.