Кормандони макомоти ҳифзи ҳуқуқ боз як гумонбар ба қатли Парвиз Давлатбековро, ки шаби Соли нав ба вуқӯъ пайваста буд, боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, боздоштшуда сокини 18-солаи пойтахт Фирӯз Нарзуллоев қаблан таҳти пайгарди қонунӣ эълон шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки Парвиз Давлатбеков шоми рӯзи 31-уми декабри соли 2011 бо сарулибоси Бобои Барфӣ наздикону хешовандонашро бо Соли нав табрик карданӣ буд, вале дар натиҷаи ҷанҷол дар кӯча аз зарбаҳои корд ҷароҳат бардошта, рӯзи 2-юми январ дар беморхона ба ҳалокат расид.

Аввали моҳи майи соли равон суд нисбати айбдоршавандагон оид ба қазияи марги Парвиз Давлатбеков ҳукм содир намуд.

Беҳрӯз Шарифови 16-сола дар қатли Парвиз Давлатбеков гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 10 соли зиндон маҳкум шуд. Суд ба чунин хулоса расидааст, ки маҳз зарбаҳои ӯ барои П.Давлатбеков марговар будаанд. То ба синни балоғат расидан Шарифов муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳотӣ барои ноболиғон адо мекунад.

Судшавандагони дигар – Шараф Давлатов ва Фаррух Самиев мутобиқи моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Нисбат ба айбдоршавандаи дигар – ноболиғ Ҳасан Абдурашидов ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳандаи ҳисоб ба 40 сомонӣ баробар аст) таъин карда шуд.