Чанде қабл суди вилояти Хатлон собиқ муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботовро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суд хабар доданд, суд Наботовро дар содир намудани ҷиноёт мутобиқи моддаҳои 247, қ. 3 (Қаллобӣ) ва 358, қ. 1 (Боздошти ғайриқонунӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор донист.

Ба иттилои манбаъ, ҳамроҳ бо Наботов аз рӯйи ин парванда сарваколатдори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШВКД-и ҳамин ноҳия Маҳмад Шарифов низ ҷавобгӯ буд. Суд Шарифовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ), 323 (Сохтакории хизматӣ), 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ), 319 (Гирифтани пора) ва 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан)-и Кодексии ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 12 сол равонаи зиндон кард.

Татяна Умарова, вакили мудофеи Маҳмад Шарифов, ҳукми судро ғайриқонунӣ арзёбӣ намуда, шикоят овардан аз болои он ба зинаҳои болоиро аз эҳтимол дур намедонад.

Ёдрас мекунем, ки баррасии парвандаи ҷиноии собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов 19-уми апрели сои равон оғоз гардид. Дар таърихи 7-уми октябри соли 2011 мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба муовини сардори ШКД-и ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки кормандони милиса бо мақсади минбаъд тамаъ кардани пора ба дохили автомашинаи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ маводи нашъаовар партофтанӣ шудаанд ва ин ҳодиса боиси боздошти онҳо шудааст.