Дар шаҳри Ваҳдат кормандони милиса ба гумони қаллобӣ собиқ адвокатро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, собиқ адвокат Абдувалӣ Исматови 44-сола дар асоси аризаи даъвогии шаҳрванд Ҷалилова Давлатбӣ дастгир шудааст.

«Ахири моҳи майи соли равон Исматов бо роҳи фиреб ба боварии ин зан даромада, бо ваъдаи мусоидат кардан ба озодии шавҳараш аз зиндон аз ӯ 15 ҳазор доллари ИМА маблағ мегирад, вале ба ваъда вафо накарда, маблағро ҳам барнагардонидааст», - гуфтанд дар ВКД.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.