Дар вилояти Хатлон бори нахуст тибқи моддаи нави Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ – «Шиканҷа» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Зимни нишасти хабарӣ дар прокуратураи вилоят муовини аввали прокурори вилояти Хатлон Баҳодур Ҳомидов гуфт, нисбат ба корманди милисаи минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев мутобиқи моддаҳои 143, қ. 1 (Шиканҷа), 109 (То ба худкушӣ оварда расонидан) ва 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
«Рӯзи 29-уми апрели соли равон сокини деҳаи Қулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон Хушвақти Маҳмадсаидро дар манзили зисташ ба дор овехта дарёфт карданд. Наздикону хешовандонаш ӯро аз дор берун оварда, ба бемористон овардаанд ва ӯ то ҳанӯз дар он ҷо бистарӣ аст», - гуфт Ҳомидов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки чанде қабл аз ин ҳодиса милисаи минтақавӣ Хушвақтро ба ҳуҷраи кориаш даъват ва ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда, бо таҳқиру лату кӯб маҷбур кардаст, ки гуноҳро ба гардан бигирад.
«Тафтишот бар ин назар аст, ки пас аз чунин муносибати бераҳмонаи корманди милиса кӯдак тасмим гирифтааст, ки ба худкушӣ даст занад», - таъкид кард Ҳомидов.
Айни замон парвандаи ҷиноиӣ нисбат ба Машраф Алиев мавриди баррасии суди Ёвон қарор дошта, ба корманди милиса тарки маҳалли сукунат манъ шудааст.
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста